Пайвандҳои дастрасӣ

Седвил: "Таъмини амнияти интихобот зарур буд"


Марк Седвил, сафири Бритониё дар Кобул, ширкати сарбозони кишвараш дар таъмини амнияти интихоботи раёсатиҷумҳурии Афғонистонро як амри зарурӣ хонд.. Изҳороти ӯ дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар пойтахти Афғонистон садо дод – дипломати воломақом ба суолҳои хабарнигорон дар Лондон аз тариқи робитаи видеоӣ ҷавоб гуфт. Дар ин нишасти хабарӣ, аз ҷумла, гуфта шуд, ки аз авоили моҳи июл то имрӯз дар Афғонистон тақрибан 40 сарбози бритониёвӣ кушта шуданд.
Марк Седвил изҳор намуд, ки амалиёти густардаи нерӯҳои Бритониё алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бо интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 август рабте надошт.
XS
SM
MD
LG