Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба ифтитоҳи Маркази исмоилиён


Бинои Маркази исмоилиён дар шаҳри Душанбе

Бинои Маркази исмоилиён дар шаҳри Душанбе

Охирин пардозҳои бинои Маркази исмоилиҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле анҷом меёбад, ки қарор аст ин марказ дар тирамоҳи имсол боз шавад.

Маркази исмоилиҳо, ки пойдевори онро Оғохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2003 гузоштаанд ва он бо сармояи Бунёди Рушди Оғохон бино мешавад, нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ аст.

Талоши мо барои боздид аз дохили марказ, ки дар бештар аз 25 000 метри мураббаъ ва дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, бидуни натиҷа буд. Масъулони Бунёди Оғохон дар Душанбе ҳам тамошо ва аксбардорӣ аз дохили ин биноро то замони ифтитоҳи он номумкин донистанд ва ҳамчунин дар бораи чигунагии ин марказ иттилоъ надоданд.

НА ТАНҲО МАРКАЗИ ДИНӢ

Маҳрами Анварзод
Маҳрами Анварзод, унвонҷӯи бахши мардумшиносӣ ва бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин марказ на танҳо ҷои адои маросими динӣ, балки ҷои ҳамоишу омӯзиши пайравони мазҳаби исмоилия хоҳад буд: “Ҳар як сокини Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои кишвар барои адои маросимҳои динияш ҳаққ дорад, хоҳ дар шакли дастаҷамъӣ ва хоҳ дар шакли алоҳида. Барои ин ҷойи махсус муайян шудааст, ки аз тарафи созмон ва иттиҳодияҳои динӣ сохта ва сабтином мешавад. Ва ин марказ ҳам ба ҷуз ин ки маркази хос динӣ аст, ҷанбаҳои дигари фаъолият дорад. Масалан, бахши таълимӣ дорад, маркази машварати ҳуқуқӣ, маркази истифодаи китобхонаи электронӣ дорад”.

ДАР ГУЗАШТА

Маркази исмолиён дар ҳоле бунёд мешавад, ки қаблан пайравони ин мазҳаби дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои тоату ибодаташон ҷои хос надоштанд.

Маҳрами Анварзод ҳам мегӯяд, маросими диниро исмоилиҳо дар гузашта дастаҷамъона дар хонаҳои ҳамдигар ва ё дар шакли пароканда адо мекарданд.

Ба гуфтаи вай, ҳатто дар қонуни пешини озодии виҷдон ва созмонҳои динии Тоҷикистон аз ҷамоатхонаи исмоилиҳо ном бурда намешуд: “Қаблан калимаи ҷамоатхона, яъне ҷойи ибодати исмоилиҳо вуҷуд надошт. Бо қабул кардани қонуни нави дин имрӯз озодона на фақат дар Душанбе, балки дар манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшону Хуҷанд чунин марказҳо сохта мешаванд.”

ҚОНУНИ ДИН


Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули бахши диншиносӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, қонуни нави озодии виҷдон ва
Cайидбек Маҳмадуллоев
созмонҳои динӣ маҳдудиятеро барои ҳузури пайравони мазҳаби исмоилия ва тоату ибодати онҳо пешбинӣ накардааст.

Баракс, ба гуфтаи вай, пайравони мазҳаби исмоилия барои бунёди ҷамоатхона ва ё марказҳои динӣ дар муқоиса бо пайравони суннимазҳаби ҳанафӣ имтиёзҳоеро доро ҳастанд: “Барои ҷамоатхона ҳеҷ гуна маҳдудияти аз назари миқдори аҳолӣ гузошта нашудааст. Ҳол он ки агар дар ин қиёс гирем, барои суннимазҳабон ҷорӣ карда шудааст барои таъсиси масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ. Вале барои таъсис додани як ҷамоатхона ҳеҷ маҳдудият аз рӯйи аҳолӣ муқаррар нашудааст.”

БАҲСҲОИ АҚИДАВӢ

Ба пешвози Имом Оғохони IV дар Хоруғ, 4 октярби соли 2008.
Аз 97 дарсади сокинони Тоҷикистон, ки худро мусулмон ҳисоб мекунанд, танҳо як дарсади онҳо пайравони шиамазҳаби исмоилия будаанд ва риояи расму оинҳо ва фароизи диниашон бо пайравони суннимазҳаби ҳанафӣ фарқ мекардааст.

Аммо Маҳрами Анварзод мегӯяд, ки ин тафовутҳо ихтилофи ақидатӣ ҳастанд ва рӯи ҷузъитарин масъалаи динӣ баҳс мекунанд: “Мо агар бигирем масъалаи рӯза, намоз, закот, ҳаҷ, назр, ҳурмати волидон ва ё гузаронидани маросимҳои диниро. Ҳамаи ин барои мусулмонҳо як аст. Чунки сарчашмаи дини мубини ислом китоби муқаддаси Қуръон ва аҳодиси пайғамбар аст. Танҳо чанд тавофуте, ки ҳаст, тавофутҳои ҷузъӣ ва ақидавӣ аст.”

Аммо фарқи аслие, ки миёни пайравони ҳанафӣ ва исмоилиҳо ном бурда мешавад, итоати ҳарчи амиқи исмоилиҳо аз ҳар амру фармони, ба гуфтаи худи онҳо, Имоми Замон ё Ҳозир Имом аст, ки феълан ин вазифаро Оғохони IV адо мекунад. Ва имомат дар мазҳаби шиа, аз ҷумла дар шохаи исмоилия аз усули асосии дин дониста мешавад. Тибқи ин мазҳаб замин аз Имоми Замон холӣ нест.

“ПИРИ МАНУ МУРИДИ МАН”

Аз ин рӯ, шояд Оғохони IV барои баъзеҳо як мултимиллионери аврупоист, ки дар Фаронса ба сар мебарад, аммо барои пайравони исмоилия дар Тоҷикистон вай имом аст, ки муридонашро ҳидоят мекунад ва ба онҳо кӯмак мерасонад. Ва ҳам танҳо паёми ӯ метавонад тағйиротеро дар ҳаёти исмоилиҳо ба вуҷуд орад.

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон аз кӯмакҳои Оғохони IV дар давраи ҷанги Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорӣ мекунанд. Вале ин ҳам
бояд гуфта шавад, ки Оғохон ҳамин гуна кӯмакҳоро дар он давра ва дар давраи баъдиҷангӣ ба мардуми бисёре аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ расондааст, махсусан ба водии Рашт, Ванҷу Дарвоз ва Тавилдара.

Ашратшо Ҳақдодшоев, халифаи маркази исмоилиҳо дар шаҳри Хоруғ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то солҳои чилуми қарни гузашта паёми имом то пири онҳо ва таввасути пир то халифаҳо ва аз халифаҳо то муридон мерасид.

Вале ба гуфтаи вай, шӯравиҳо пирони исмоилиҳоро ба далели рӯҳонӣ буданашон зиндонӣ карданд ва ҳоло наҳваи ироаи паёми имом ҳам тағйир кардааст: “Ҳозир он ҳидояте, ки аз Имоми Замон мешавад, ба идораву институтҳои Имоми Замон мегузарад. Ва аз интситутҳо ба халифаҳо. Ва халифаҳо он таълимро гирифта, ба ҷамоат ва ба муридон мерасонанд. Ин ҳамон сохтори пирии қадима аст, ки шакли дигар гирифтааст.”

“ШУКР, ИХТИЛОФЕ НЕСТ.”

Ҳамчунин масъалаи намози якҷоя гузоштани исмоилиҳо бо ҳанафиҳо, рӯза доштан ва никоҳи миёни пайравони ин ду мазҳаб аз масъалаҳое ҳаст, ки то ҳоло дар гирди он баҳсҳо чарх мезананд. Аммо ҳамагон шукр мекунанд, ки Тоҷикистон шоҳиди бархӯрдҳои хусуматомез миёни пайравони шиамазҳаби исмоилия ва суннимазҳаби ҳанафия нашудааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, муносибат ва бархӯрди аҳли мазҳабии ҳанафӣ бо исмоилиҳо ва ё баракс, исмоилиҳо бо ҳанафиҳо дар Тоҷикистон нарм ва таҳаммулпазирона аст.

Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он ки бархе аз одатҳои динии онҳо аз пайравони ҳанафия, ки қисмати аслии аъзои ин ҳизбро ташкил медиҳанд, фарқ мекунад, бештар аз ду ҳазор исмоилӣ ба узвияти ҳизби онҳо пазируфта шудаанд.

ТЕЪДОДИ ИСМОИЛИҲО

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон бештар аз 200 000 пайрави шиамазҳаби исмоилӣ ба сар мебаранд, ки қисмати аслии онҳо дар вилояти Бадахшон ва қисматҳои дигар дар баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон, Душанбе ва Хуҷанду Роғун ҷой гирифтаанд.

Ва ҳоло дар Тоҷикистон таассуб ё суннигароӣ ва ё шиагароӣ ба таври ҳассос вуҷуд надорад ва аммо аксари коршиносон ба ин боваранд, ки мавриди истифода қарор гирифтани нахустин Маркази исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе ба афзоиши ҳузуру мавқеи онҳо дар Тоҷикистон ва муаррифии бештари мазҳаби исмоилия мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG