Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷомеъаи деворҳо


АДЛИ "АДОЛАТ"

Дар тобистони соли 1990 Имомназари Холназар, пас аз тарки "Тоҷикистони советӣ" ва чанд моҳи бекорӣ гурӯҳе аз журналистони қавиро ҷамъ овард ва дар пайи таъсиси як нашрияи озодандешон шуд. Додоҷони Атовулло, Зулфиқори Исмоилиён, Сабзалии Мурод, Сайидқосими Қиёмпур, Абдурофеъи Рабеъ ва дигарон ин даъвати ӯро пазируфтанд. Дар моҳи сентябри соли 1990 Имомназар аввалин шумораи ҳафтаномаи "Адолат"-ро дар ҳоле ба нашр расонд, ки мақомоти давлат ҳанӯз мегуфтанд, аризаи сабтиноми ин нашрияро баррасӣ доранд. Раиси кумисюни Шӯрои Олии Тоҷикистон Даврон Ашӯров талош кард, ба сабтиноми "Адолат" мусоъадат намояд, вале раҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мухолифат карданд.

Нашрия дар Маскав, дар Кумитаи матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ сабтином шуд ва бо ҳамкории Искандари Хатлонӣ дар Вилнюс, пойтахти Литвониё чоп шуда, пинҳонӣ ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Баъдан он дар Самарқанду Бишкек чоп шуд ва ниҳоят дар худи Душанбе имкони нашри он ба даст омад. "Адолат" тадриҷан ба яке аз пурфурӯштарин нашрияҳои кишвар табдил ёфт. То 25 ҳазор адад ба чоп мерасид, асосан худкифо ва худгардон буд. Ҳамчун сардабири "Адолат" Имомназар ноиби раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузида шуд. Матолибе дар бораи фасоду ришвати ҳукуматдорон ва ё ифшои дурӯғҳои сиёсатмадорон сабаб мегашт, ки ба Имомназар телефонӣ таҳдиди қатл кунанд. Вай ба ин таҳдидҳо бо хандаи баланд ва шумораи наву ҷолибтар посух медод. Идораи "Адолат", ки дар манзили зисти Имомназар воқеъ буд, ҷавононро ба худ мекашид. Яке аз онҳо Шафқати Раҷабиён (Дорюш) имрӯз журналисти саршинос, корманди радиои "Замона" аст. Вай мегӯяд:

"Даврае буд, ки ман аз донишгоҳ тард шуда будам ва талош мекардам, ба донишгоҳ баргардам. Яке аз дӯстонам машварат дод, ки биравам пеши оқои Холназар. Рафтам ба дафтари эшон, ки хеле ба хонаи мо наздик буд, дар маҳаллаи 102, ки дарвоқеъ манзили худаш буд ва он ҷо ҳам кор мекард ва гуфтам, ки мушкили ман инҷост ва ман мехоҳам ба рӯзноманигорӣ баргардам. Эшон гуфт, агар мехоҳӣ, ман метавонам, биравам ва бо масъулони донишгоҳ сӯҳбат бикунам ва туро барқарор бикунам, ба истилоҳ. Вале оё ту мехоҳӣ, рӯзноманигори воқеӣ бишавӣ ё қолабӣ. Ман гуфтам, мусалламан мехоҳам, рӯзноманигори ростин бишавам. Ба ман гуфтанд, дар он сурат ту метавонӣ, ҳамин ҷо бимонӣ ва бо мо кор бикунӣ, журналистиро дар ҳамин ҷо ёд бигирӣ. Билофосила ман ҳам хеле хушҳол шудам, пазируфтам ва як мақолае навиштам, ки дар ҳамон ҳафта мунташир шуд ва ҳафтаи баъдӣ исми ман вориди ҳайъати таҳририяи рӯзномаи "Адолат" шуд. Ва ҳамин тур кори компютерро ба ман ҳавола кард. Дарвоқеъ кор бо ройонаро ба ман Имомназари Холназар ёд дод ва сафҳабандии рӯзномаҳоро низ ва ҳамеша ки мақола менавиштам, назарашро медод, бо ҳам сӯҳбат мекардем ва лаҳазоте буд, ки ман бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дидгоҳҳомон, дидгоҳҳои сиёсимон бо падари шодравони худам хеле тафовут дошт, аз хона фирор мекардам ва дар мавориде ҳатто барои як моҳ дар ҳамон хона, хонаи Имомназари Холназар мемондам, ҳамон ҷо ҳам зиндагӣ ва ҳам кор мекардам. Ӯ ҳамеша мегуфт, ки ман қаблан се писар доштам ва ҳоло чаҳор писар дорам ва ҳамеша маро ҷузве аз хонаводаи худаш медонист ва то охирин дам ҳам он тавре ки хонумаш Зебуннисо бароям гуфт, мегуфт, ман се бача дораму як шербача ва шербачаи ман Шафқат аст ё Дорюш...

Аммо ин хабари нохушро дар чи ҳоле гирифтед?

"Дарёфти ин хабар воқеъан ҳам хеле ногаҳонӣ буд, барои он ки ду рӯз қабл аз он, рӯзи 19-уми март ман ба аёдати устод рафта будам ва сӯҳбати эшон хеле ҷолиб буд, ҳарчанд пайкари хеле такидатар аз гузашта ва рухсори лоғартар аз ду соли пеш доштанд, ман ду сол пеш дида будам эшонро, вале дар ҳар сурат хеле хуб сӯҳбат мекарданд ва ҳатто дар поёни сӯҳбат баланд шуданд, моро то дами дар гусел карданд ва ман хушҳол шудаму гуфтам, устод Шумо бидуни асо роҳ мегардед, дар ҳоле ки ду сол пеш ин тавр набуд, ба асо ниёз доштед. Хандиданду гуфтанд, пойҳоям варамидааст ва нирӯманд шудааст.

Баъдаш дар ҳоли таҷлил аз ҷашни Наврӯз будам, шаби 21-и март, як дӯстам занг зад ва хабар дод, ки ин иттифоқ афтода. Дер вақти шаб буд ва билофосила дар нишасте ки ман будам, эълон кардам, ки ҳамин тавр шуда ва ҳамагон, афроде ки он ҷо нишаста буданд, сӯҳбат аз Имомназар мекарданд ва ман ҳам беихтиёр бо ҳолате ки мешавад, тасаввурашро кард, доштам таъриф мекардам аз гузаштае ки доштем, барои ин ки Имомназари Холназар барои ман фақат устод набуд, балки меҳри падарворе дошт ва дар тӯли зиндагиям инро ҳамеша эҳсос мекардам, аз ҳабдаҳсолагӣ то ҳоло ва даргузашти Имомназар барои ман воқеъан ҳам маҳрумияти дубора аз падар буд."

Солҳои охири зиндагии шодравон чи солҳое буданд, аз нигоҳи Шумо?

"Солҳои ноумедӣ ва ба эҳтимоли хеле зиёд солҳои машаққату беморӣ, давраи замингир будан. Вале як чизе ки воқеъан ҳам мутафовит мекард ва мутамоийз Имомназари Холназарро аз соири афроди бемор ин буд, ки ҳамеша механдиданд, ба ноумедияшон механдиданд, ба марги эҳтимолӣ ва зудрасашон механдиданд ва ҳеч мавриде набуд, ки аз он як базлае, як зарофате, як шӯхие дарнаёранд. Дар охирин сӯҳбат ҳам, ки бо ҳам сӯҳбат мекардем, мегуфтанд, масалан, Маҳмадраҷаб аз дӯстонам, ки хона омада буд, хонумам ба шӯхӣ аз ӯ пурсид, ки "Боз ҳам дасти холӣ омадӣ?" Маҳмадраҷаб мегӯяд, ки ин шавҳари ту, эҳтимолан то охири умраш бистарӣ хоҳад монд, қабл аз он ки вай аз беморӣ бимирад, ман аз боркашӣ хоҳам мурд. Яъне тамоми чизҳоро ба чашми шӯхӣ медид ва саъй мекард, ки ба ҳама чиз бихандад. Вале дар ҳар сурат эҳсос мешуд, ки хандаҳои Имомназар дигар он танини собиқро надорад ва лабҳош ба мавқеъи табассум ба фарохнои табассумҳои қаблиш боз намешавад. Вале бо вуҷуди ин Имомназар ҳамон Имомназаре буд, ки саъй кард, ҳамеша зиндадил бимонад, бо бемории пайкараш пайкор бикунад ва равонашро зинда нигаҳ дорад. То охирин нафасаш талош кард, ки поймардона ақоиди сиёсию иҷтимоиву фарҳангии худашро ҳифз бикунад ва ҳамон Имомназаре буд, ки ман аз ибтидо мешинохтам."

ЗИНДАГИИ БЕДЕВОР

Баъзе аз мардум дӯст доранд, дар паси деворҳои баланд умр ба сар баранд. Манзили Имомназар деворе надошт, онгуна ки дили ӯ. Ҳавлие ки тобистони гузашта дар он ӯро мулоқот кардем, мисли кафи дастест, кафи бозе, ки бе пеш ҳамоил аст ва аз он сӯи рӯдхона ҳамаи зиндагии ӯро дида мешуд. Вале на танҳо солҳои охири умраш, балки тамоми зиндагияш ингуна буд ва барои садҳо нафар омӯзандаву ибратбахш.
Журналисти тоҷик Қироншоҳи Шарифзода:

"Муносибаташ, рафтораш, гуфтораш чунон беғашу самимона буд, ки мо, донишҷӯёни коромӯз, ҳарчанд дар шӯъбаҳои дигар будем, кӯшиш мекардем, аз сӯҳбатҳои ӯ бебаҳра намонем. Як сабақи якумрии мо ин буд, ки журналист бояд барои ҳар суханаш масъул ва ҷавобгар бошад. Имомназар, пеш аз чоп ҳар нуктаро чандин бор месанҷид. Хосияти дигари ӯ меҳрубонияш буд. Вай ба ҳама меҳрубон буд, фарқе миёни инсонҳо намегузошт. Ҳоло маҳфилсозию гурӯҳбозиҳои имрӯзаи рӯзноманигоронро ҳатто дар дохили як идора, як нашрия ҳам бо он солҳои ҳаштод, бо он солҳое ки мо дар назди Имомназар ва дигар ҳамкорони ӯ кор омӯхтем, қиёс кардан хеле мушкил аст. Ман фикр мекунам, он муҳите ки рӯзноманигорони солҳои ҳаштод ва ибтидои навад доштанд, барои мо мактаби тарбияи ватандорӣ буд. Яъне гуфтан мехоҳам, Имомназар дар баробари онки як ҷавони шӯхтабиат, латифгуфтор ва чарбзабон буд, дар мавриди аз кадом маҳал ё минтақа будани ҳамкорон ё корафтодагон умуман ба ин чизҳо эътибор намедод. Ба Имомназар ва ёрони ӯ тоҷик будан ё тоҷикистонӣ будан муҳимтар буд то он ки кас аз кадом минтақа ё ноҳияи Тоҷикистон бошад. Ҳатто аввали солҳои навад, ки рӯйдодҳои тезутунди сиёсӣ кишварро фаро гирифта буд, Имомназар нисбат ба баъзе ҳамкорон ё ҳамсафони худ пешгомтару болотар буд. Яъне ӯ ба воқеъаҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ аз равзанаи маҳал наменигарист. Барои ӯ инсон, ҳунари инсон ва диди инсон бештар аҳамият дошт то оне ки ӯ зода ё парвардаи куҷост."

Қироншоҳи Шарифзода, аз он журналистони тоҷик аст, ки аввалин коромӯзиҳои худро дар назди Имомназари Холназар гузарондааст. Нависандаи тоҷик Нур Табаров сарвари коргоҳе буд, ки Имомназар муддати тӯлонӣ он ҷо кор кард, вале равобити ин ду тан бештар аз муносибатҳои ду корманд буд. Муносибати ду дӯст ва ҳамқалам:

"Шодравон Имомназари Холназар як инсони бисёр аҷиб буд воқеъан. Вай дар умри на он қадар тӯлонии худ аз қӯраи бисёр ҳам сӯзони рӯзгор гузашт. Ва имрӯз ки ҳоло паҳлуи акси ӯ китобчааш мондааст, "Аз хандая мемурӣ..." Ҳарчанд имрӯз рӯзи сӯгворист, одамон варақ мезананд ва табассуме ногаҳон дар лабонашон пайдо мешавад аз лутфи ӯ ва аз меҳри ӯ. Дар рӯзи Наврӯз рафтани ин хел як ҷавонмарде ки ҳоло бояд мезист, аламовар аст. Хеле аламовар аст. Гуле сӯхт дар рӯзи Наврӯз..."

Идома дорад бо бахшҳои ЁДИ ВАТАН, ХАНДАИ ҶОНБАХШ, ва БЕМОРӢ.
XS
SM
MD
LG