Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Покистон дар Истанбул баррасӣ мешавад


Гурӯҳе аз кишварҳо, ки аз суботи вазъ дар Покистон ҳимоят мекунанд, имрӯз дар Истанбул гирдиҳам омадаанд, то барномаҳои амниятӣ барои ин кишварро баррасӣ кунанд. Раёсати ин гирдиҳамоиро, ки намояндагони аршади 20 кишвар ва 6 созмони байналмиллалӣ ба унвони Гурӯҳи Дӯстони Покистон ҷамъ шудаанд, Шоҳмаҳмуд Қурейшӣ-вазири умури хориҷаи Покистон ва Аҳмет Довутуғлу-вазири умури хориҷаи Туркия бар ӯҳда доранд. Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон низ дар ин нишаст ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG