Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба ақибуфтодагии фаннии Русия таъкид кард


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, садама дар сарбанди бузургтарини нирӯгоҳи кишвар ҳокист, ки Русия дар роҳи фанновариҳо чӣ қадар ақиб мондааст: “Кишвари мо аз лиҳози фанноварӣ хеле ақибмонда аст. Ва агар мо ин чолишро рафъ накунем, пас он ҳама таҳдидҳое, ки дар борааш мегӯянд, метавонанд воқеъӣ бишаванд. Аммо мо тамоми имкони муқобила бо ин ақибуфтодагии фанниро дорем.”
Бар асари садамаи ҳафтаи гузашта дар нирӯгоҳи Саяно-Шушенск 75 нафар кушта шуданд.
Гурӯҳи тундрави исломии Риёз-ус-солеҳин иддао кардааст, ки таркиши толори чархаҳои ин нирӯгоҳро ин гурӯҳ ҳамчун бахше аз “ҷанги иқтисодӣ”-аш алайҳи Русия анҷом додааст. Вале муфаттишон имрӯз гуфтанд, ки фарзияи ҳамлаи террористиро комилан сарфи назар мекунанд. Мақомот мегӯянд, иллати садама сирф фаннӣ буд.
XS
SM
MD
LG