Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар 69 солагӣ даргузашт


Субҳи якшанбе адиби тоҷик Шоҳмузафар Ёдгорӣ дар сини 69 солагӣ аз бемории сактаи дил дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба қалами Шоҳмузафар Ёдгорӣ чанд маҷмӯаи ашъор ва қиссаву ҳикояҳо тааллуқ дорад. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои «Як шохаи гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Ҳар тори мӯйи вафоям» ва романи «»Васваса» дар солҳои гуногун аз чоп баромадаанд. Ҳоло романи дигари адиб бо номи «Талош» иборат аз се қисм ба чоп омода шудааст. Шоҳмузафар Ёдгорӣ баъди солҳои наваддум муддате сардабири нашрияи "Ҷумҳурият" низ буд.
XS
SM
MD
LG