Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон - мавсими талбандагӣ?


Асалмоҳ тақрибан 40-45 сол дорад ва соҳиби чаҳор фарзанд аст. Ӯ аз ноҳияи Хуросон барои талбандагӣ ба Душанбе омадааст. Мегӯяд, наметавонад бидуни талбандагӣ рӯзгорашро пеш барад.

Сарулибос ва чеҳраи ҳамсӯҳбатам аз талбандаҳои маъмулии дигари хиёбонҳои Душанбе фарқ дорад. Вай дандони тиллоӣ ва сару либоси нисбатан маъмулии тоҷикона дорад. Мегӯяд, ҳамроҳ бо шавҳараш моҳона ҳамагӣ 300 сомонӣ мегиранд ва ин миқдор маблағ барои таъминоти оилавии онҳо намерасидааст.

Дар саҳни марказҳои исломӣ ва хиёбонҳои серодам низ теъдоди талбандаҳо аз сафи шахсони маъюб ҳам дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Нилуфар Завқиеваи маъюб ҳар рӯз то чаҳор соат ризқ меҷустааст.

Таҳлилгар Зафари Суфӣ мегӯяд, иллати ин ки оилаҳои таҳҷоии тоҷикистонӣ даст ба танбалдагӣ мезананд, агар аз як тараф шиддат гирифтани фақри иҷтимоӣ бошад, паҳлӯи дигар фақри маънавист.

То соли 2005 сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон 64 дарсад унвон мекарданд. Баъдан, Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ дод, ки сатҳи камбизоатӣ то 54 дарсад коҳиш ёфт. Вале натиҷаи тадқиқоти созмонҳои байнулмилалӣ нишон дод, ки солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 70 дарсад шиддат гирифтааст.

Ҳамчунин бихонед: Гарониҳо дар Рамазон
XS
SM
MD
LG