Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар маҳалли садамаи нерӯгоҳи барқӣ


Владимир Путин – нахуствазири Русия, имрӯз ба маҳалли садама дар нерӯгоҳи азимтарини ин кишвар сафар кард, ки дар натиҷаи он садама, 26 нафар ҳалок шуданд. Ҷорӣ шудани об ба толори чархаҳои нерӯгоҳи Саяно-Шушенский дар Хакассия таъмини нерӯи барқ дар манотиқи васеъи Сибирро мушкил кард. Дар ин садама ҳамчунин 49 нафари дигар бенишон шудаанд. Владимир Путин дастур додааст, ба аъзои хонаводаҳои қурбониён ва афроди бенишоншуда тақрибан 31 ҳазор долларӣ ҷуброн пардохта шавад. Вай ҳамчунин аз мақомот хостааст, барои роҳ надодан ба чунин фалокатҳо нерӯгоҳҳои дигари барқии Русияро таҳқиқ кунанд.Вебсайти ҷудоихоҳони чечен навиштааст, ки тундравони чечен масъули инфиҷор дар нерӯгоҳи барқи обии Русия ҳастанд. Дар баёнияи kavkazcenter.com омадааст, тундравон вориди нерӯгоҳ шуда ва дар он минаи зиддитанкиро гузоштаанд, ки назар ба тасаввури онҳо садамаи бештаре ба нерӯгоҳ задааст.
XS
SM
MD
LG