Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 68 муҳоҷири тоҷик аз Тотористон


Тайи 7 моҳи аввали соли равон танҳо аз ҷумҳурии Тотористони Русия 68 шаҳрванди Тоҷикистонро ба иллати нақзи шароити кору иқомат ихроҷ кардаанд. Дилбар Хоҷаева, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, соли гузашта аз Тотористон ба ин далел 79 муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуда буд.
Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар ин ҷумҳурии тобеъи Русия беш аз 9200 нафар баровард мешавад, ки бино бар арқоми расмӣ, танҳо наздики 1900 нафари онҳо иҷозати кор доштаанд.
XS
SM
MD
LG