Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамалоти нави Толибон дар арафаи интихобот


Толибон дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки фардо, 20 август доир мешавад, дирӯз як силсила ҳамалоти нав анҷом додаанд.
Ҳамлаи маргталабона бо мошини бомбгузоришуда алайҳи корвони НАТО дар наздикии як бозори пуриздиҳом ва як пойгоҳи Амрико дар шарқи Кобул дастикам 7 нафар, бо шумули сарбозони НАТО ва ду корманди афғонии СММ-ро кушта ба ҷо гузошт. Ду сарбози Амрико бар асари ду таркиши алоҳидаи бомб дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Ва дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии ҷангиён болои шаҳрҳои Кобул ва Ҷалолобод дирӯз дастикам 10 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG