Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико умедвори гуфтугӯи сулҳи Ховари Миёна аст


Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, маъмурияти Обама умедвор аст, ки музокироти сулҳ байни Исроил ва фаластиниҳо ба зудӣ аз сар гирифта шавад. Сухангӯи ин вазорат Пӣ Ҷей Кровлӣ, ки дар пайи дидори яксоатаи вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон бо раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак сӯҳбат мекард, гуфт, умед ҳаст, ки шароити ин музокирот то чанд ҳафтаи дигар таҳия шавад. Дар ҳамин ҳол, Муборак дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии “Ал-Аҳром” гуфтааст, кишварҳои арабӣ танҳо дар паи расидан ба як сулҳи одилона ва фарогир дар Ховари Миёна метавонанд Исроилро ба расмият шинохта, равобити худро бо давлати яҳудӣ оддӣ созанд. Муборак имрӯз дар Кохи Сафед бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG