Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули раҳоии Рейсро Порис пардохт кардааст


Додситони Теҳрон Саид Муртазавӣ гуфт, Фаронса дар баҳои раҳоии шаҳрвандаш Клотилд Рейс наздики 300 000 доллар пули гарав пардохт кардааст. Хонум Рейс ба ҷосусӣ ва таҳрики ошӯб бо ҳадафи барандохтани низоми исломии ҳоким дар Эрон айбдор мешавад. Ӯ феълан дар интизори судури ҳукмаш дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон ба сар мебарад.
Клотилд Рейс ҳамроҳ бо шумори бузурге аз ширкатдорони эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон ахиран ба додгоҳ эҳзор шуд.
XS
SM
MD
LG