Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯз дар кони "Кӯҳи лаъл"


Ахиран пас аз як соли нобарори кӯҳканони кони «Кӯҳи лаъл, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, зиёда аз 500 грамми ин санги ҷавоҳирро ба даст оварданд.

Ду соли ахир кӯҳканон зиёда аз шаш килограмм лаъл истихроҷ намуда ба хазинаи давлат супоридаанд. Масъулини кон мегӯянд, ки акнун пас аз бозёфт саъй меварзанд, ки то охири мавсим ба ин нишондиҳанда наздик шаванд.

Ба гуфтаи сардори қитъаи кони «Кӯҳи лаъл» Шовалӣ Манзаршоев, ҷустуҷӯ ва коркарди маодини ин кон аз лиҳози геологӣ душвор аст ва ҳатто мутахассиси варзида наметавонад ҷойи пораҳои «санги оташин»-ро, ки бо ҷинсҳои кӯҳӣ омехта ва дар хок ниҳон аст, муайян кунад.

Сардори қитъа изҳори нигаронӣ намуд, ки то ба ҳол кӯҳканони «Кӯҳи лаъл» дар истихроҷи санги гаронбаҳо аз нақбҳо ва техникаи фарсудашудаи аз даврони шӯравӣ монда истифода мебаранд.

Ба гуфтаи кӯҳканон, онҳо бештар аз ду ҳафта ба сабаби набудани маводи тарканда бекор монданд. Аммо сардори кон изҳори таассуф мекунад, ки ҳануз ҳам истихроҷи санги гаронбаҳо бо усули таркондан ва зараровар барори санги ҷавоҳир амалӣ мешавад.


Ба гуфтаи корманди кон Назар Таваллобеков, корҳои истихроҷи лаъл дар ин кон аз асрҳои аввали милодӣ шурӯъ шудааст. Тайи асрҳо дар ин кӯҳ 410 нақбу роҳравҳои ба масофаи чандин километр, ки шабеҳи хонаи занбуранд, канда шудаанд. Вай гуфт, ки тарзи кандани кону кофтани лаъл, ки мутахассисони бостонӣ анҷом додаанд, шигифтангез аст ва одамони зиёде барои дидани он мароқ зоҳир мекунанд. Ва имкон дорад, ки дар заминаи нишонаҳои коркарди маодини ин ҷо ва ба мақсади ҷалби сайёҳон осорхонаи табиӣ таъсис шавад.

Сардори қитъа изҳор дошт, ки то ба ҳол расман ҳамагӣ 12 дарсади кони Кӯҳи лаъл омӯхта ва коркард шуда, захоири санги гаробаҳои он барои ҳазорсолаҳои оянда низ кифоят мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисони сангшинос, танҳо шаш килограмм лаъли саноатӣ, ки дар шароити мавҷуд дар кон истихроҷ мешавад, дар бозори ҷаҳони наздик ба 10 миллион доллар арзиш дорад ва ин арқоми фақат як кони маодини минтақа ба бештар аз нисфи буҷаи яксолаи Бадахшон баробар будааст.
XS
SM
MD
LG