Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод 3 занро ба ҳукумат пешбарӣ кардааст


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки ӯ ба дасти кам 3 курсии вазорат дар кобинаи ояндаи вазиронаш номзадҳои занро пешбарӣ кардааст. Ӯ аз ду номзади зан ном бурд. Вакили муҳофизакори парлумон Фотима Аҷорлу ба симати вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва профессори тибб Марзия Воҳид Дастҷирдӣ ба мақоми вазири беҳдошт пешниҳод шудаанд.
Аҳмадинажод гуфт, дар феҳрасти вазироне, ки ӯ рӯзи чоршанбе ба манзури тасвиб ба Маҷлис пешниҳод хоҳад кард, исми боз дасти кам як зани дигар хоҳад омад.
Дар маъмурияти аввали Аҳмадинажод ду зан ифои вазифа мекарданд, вале на дар сатҳи вазорат.
XS
SM
MD
LG