Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба тадриси фанни "Маърифати ислом"


Ҳудуди 400 устоди макотиби миёнаи Тоҷикистон феълан дар заминаи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шеваҳои таълими фанни нави “Маърифати ислом”-ро меомӯзанд. Таълими ин фанн аз 1 сентябр дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ҷорӣ хоҳад шуд. Бибиҳаво Шарофова, мудири раёсати кӯдакистонҳо ва макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ дар вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, фанни “Маърифати ислом”-ро асосан омӯзгорони фаннҳои адабиёт ва таърих дарс хоҳанд дод. Дар ибтидо ин фанн дар барномаи таълимии синфи 8-ум ҷорӣ шуда, дар сол 34 соат таълим дода мешавад. Тайи ин фанн ба шогирдон таърихи пайдоиши ислом, таърих ва тафсири Қуръон ва сураву ояҳои ин китоби муқаддас дарс дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG