Пайвандҳои дастрасӣ

Муттаҳам бо кушторҳои нажодпарастона дастгир шуд


Рӯзи ҷумъа полиси Русия иброз дошт, як фарди 21-соларо, ки бо даст доштан дар куштори нажодпарастонаи 15 нафар муттаҳам мебошад, дастгир кардааст. Сухангӯи полис Юлия Киселева мегӯяд, Василий Криветс замоне боздошт шуд, ки мехост ба воситаи қатори роҳи оҳан ба Украина сафар кунад. Криветс бо даст доштанд дар куштори 15 нафар дар солҳои 2007-2008-ум муттаҳам мебошад. Полис ба таври мушаххас намегӯяд, ки Криветсро масъули кадом кушторҳо мешуморад. Солҳои ахир дар Русия ҳодисаҳои куштори одамон бар асоси нажодӣ зиёд шудааст ва нажодпарастон ба ваҷҳи умум муҳоҷирони қафқозиву Осиёи Марказиро ҳадафи ҳамлаҳояшон қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG