Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди алюминий 15,7 фоиз коҳиш ёфтааст


Тавлиди алюминий дар Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 15,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Ширкати давлатии ТАЛКО мегӯяд, тайи ин муддат 198 000 тонна алюминий тавлид шудааст. Нақшаи имсолаи ТАЛКО тавлиди 377 000 тонна алюминий будааст, ки назар ба 400 000 тонна тавлидоти соли гузашта камтар аст.
Тоҷикистон 98 дарсади тавлидоти алюминияшро ба хориҷ мефурӯшад ва пойин рафтани нарх ва талаботи бозори ҷаҳонӣ иллати аслии коҳиши тавлидоти он дар соли равон гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG