Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидорҳои дабири кулли НАТО дар Косово


Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли нави НАТО мегӯяд, ин паймон ба аҳди хеш дар мавриди таъмини амнияти Косово содиқ аст, агарчӣ теъдоди посдорони сулҳи паймон дар ин минтақа батадриҷ коҳиш дода мешавад. Андерс Фог Расмуссен, ки дар нахустин сафари расмиаш ба Косово рафт, умедвор аст нерӯҳои 13 800 нафарии паймон дар ин минтақа ба тадриҷ коҳиш дода ё ба куллӣ аз онҷо ихроҷ карда хоҳанд шуд. Дабири кулли НАТО бо Фатмир Сейду раиси ҷумҳур, Ҳошим Тачӣ - нахуствазири Косово ва раҳбари нерӯҳои ҳомии сулҳи НАТО дар ин минтақа дидору гуфтӯгу кардааст. Андерс Фог Расмуссен, ки аввали ҳамин моҳ ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кард, гуфтааст, коҳиши тадриҷӣ ва ихроҷи комили нерӯҳои ҳомии сулҳи НАТО аз Косово аз авлавиятҳои кори ӯ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG