Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ба фишорҳо тан намедиҳад


Ҳукумати Эрон мегӯяд, ба фишори ҷомеаи байналмилалӣ барои таъйини мӯҳлат барои музокироти нав бар сари барномаҳои атомиаш тан нахоҳад дод. Ҳасан Қашқавӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷа гуфт, Эрон мухолифи музокирот нест, вале ба қудратҳои ҷаҳонӣ аммо иҷоза нахоҳад дод, ба ин кишвар фишор биёранд. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе талошҳояш барои бозгардонидани Эрон ба сари мизи музокирот дар моҳи сентябрро бознигарӣ хоҳад кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези атомӣ, бомби ҳастаӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG