Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Ҷонс аз хабари марги раҳбари Толибон


Мушовири раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс хабари ҳалокати раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсудро “кори бузурге” номид, ки алакай боиси набард барои касби қудрат дар дохили ин гурӯҳ шудааст. Ҷонс гуфт, мақомоти Амрико “90 дарсад” мутмаин шудаанд, ки Маҳсуд дар натиҷаи ҳамлаи мушакии рӯзи чоршанбеи гузаштаи нирӯҳои Амрико ба ҳалокат расидааст.
Ҷонс вале гуфт, хабари кушта шудани боз як фармондеҳи ин гурӯҳи ошӯбгар дар ҷараёни набардҳо барои касби қудрат дар дохили Толибонро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад. Қаблан, Валиурраҳмон, яке аз раҳбарони Толибони Покистон, хабари задухӯрд байни гурӯҳҳои мухталифи ин созмонро радд кард.
XS
SM
MD
LG