Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати тӯфони тарснок ба самти Чин


Аз тарси тӯфони саҳмгини “Моракот”, ки ба самти Чин ҳаракат дорад, тақрибан як миллион нафарро ба маҳаллҳои амн интиқол додаанд. Ин тӯфон, ки рӯзе пештар боронҳои шадид ҳамроҳ буд, дар Тайван обхезии азимеро ба вуҷуд овард, ки тайи 50 сол мушоҳида нашуда буд. Дар ҷануби Тайван то кунун тақрибан 30 нафар бенишон ва як нафар ҳалок шудааст. Рӯзи субҳи якшанбе, тӯфони “Моракот” бо суръати 108 километр соат ҳаракат мекард ва дар 70 километрии вилояти ҷанубушарқии Фуҷиани Чин қарор дошт. Аз ду вилоятҳои шарқӣ ва соҳилии Чин Жианг ва Фуҷиан мутаносибан 470 ва 485 ҳазор нафариро ба ҷойҳои амн интиқол додаанд.
XS
SM
MD
LG