Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанозаи Маҳсудро ба хок супурдаанд


Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ки раҳбари Толибони Покистон Байтуллоҳ Маҳсуд эҳтимолан дар натиҷаи ҳамлаи мушакии ду рӯзи пеш кушта шудааст. Раҳмон Малик гуфт, мақомот маълумоти ҳанӯз расман тасдиқношудае дар даст доранд, ки мегӯяд, Байтуллоҳ Маҳсуд ҳамроҳ бо зан ва муҳофизонаш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии эҳтимолан нирӯҳои Амрико ба манзили як хешованди раҳбари Толибон дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ кушта шудаанд.
Аз қавли як мақоми амниятии Покисстон ва як мушовири Байтуллоҳ Маҳсуд гуфта мешавад, ки ҷанозаи раҳбари Толибони Покистонро алакай дафн кардаанд.
Ҷангиёни Маҳсуд дар Покистон як силсила бамбгузориҳои хунини интиҳорӣ ва дар Афғонистони ҳамсоя як теъдод ҳамалот алайҳи нирӯҳои байналмилалӣ анҷом додаанд. Амрико дар баҳои маълумоте, ки боздошт ва ё қатли Байтуллоҳ Маҳсудро муяссар гардонад, 5 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.
XS
SM
MD
LG