Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин вориди Анқара шуд


Владимир Путин – нахуствазири Русия, имрӯз бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ бо Туркия вориди шаҳри Анқара шуд. Интизор меравад, дар ҷараёни сафари якрӯзаи Владимир Путин, ӯ бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ҳамтои турки худ, як силсила қарордодҳо, аз ҷумла созишнома дар мавриди лӯлаи гази “Маҷрои Ҷанубӣ” имзо кунад. Бар асоси ин созишнома, Туркия иҷоза хоҳад дод, то ки Русия ба хотири кашидани лӯлаи мазкур аз қаламравҳои обии Туркия дар Баҳри Сиёҳ корҳои иктишофӣ анҷом диҳад. Дар сурати бунёд “Маҷрои Ҷанубӣ”- як роҳи дигари интиқоли гази Русия ба кишварҳои аврупоӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG