Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории ИА аз табрики Аҳмадинажод


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ба Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, номаи маъмулии табрикӣ нахоҳанд фиристод. Амадей Алфатай Тардио – сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо, ба хабарнигорон гуфт, “иттиҳодия номаи табрикӣ ирсол накардааст ва чунин ният ҳам надорад.” Маҳмуди Аҳмадинажодро дар интихоботи баҳсбарангези моҳи июн пирӯз эълом карданд, ки сабаби тазоҳуротҳои азими мардумӣ дар Эрон шуд. Худдории Иттиҳодияи Аврупо аз табрики Маҳмуди Аҳмадинажодро – посухе ба саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон дар Эрон медонанд. Карл Билдт – вазири умури хориҷаи Шветсия, ки кишвараш раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупост, дар блоги худ навиштааст, Шветсия ният надорад, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо Аҳмадинажодро табрик бигӯяд.
XS
SM
MD
LG