Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони Русия дар ҳолати омодабош


Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, бо он ки танишҳо дар марз бо Гурҷистон боло гирифтаанд, сарбозони Русия дар Осетияи Ҷанубӣ дар ҳоли омодабош қарор додаанд. Хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” аз қавли Андрей Нестеренко навиштааст, ин ҳаракат барои ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани хусумат дар минтақа аст. Дар чанд рӯзи гузашта мақомоти Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ ҳамдигарро ба тирандозӣ ва шиллики хунпора ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд. Русияву Гурҷистон низ дар навбати худ ҳамдигарро дар иғвоандозӣ муттаҳам намуданд.
XS
SM
MD
LG