Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод ба давраи дуввуми раёсат оғоз мекунад


Қарор аст, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳафтаи равон расман ба давраи дуввуми раёсатҷумҳуриаш оғоз кунад. Интизор меравад, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Олии Хоманаӣ имрӯз пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июнро эълон кунад ва рӯзи чоршанбе расми адои савганди раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод доир шавад.
Интихоби дубораи Аҳмадинажод мунҷар ба бурузи эътирозоти густарда дар Эрон шуд. Мухолифин мегӯянд, интихобот пуртақаллуб буд.Дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон ҳудуди 30 нафар кушта ва ҳудуди 2000 тан аз эътирозгарон боздошт шуданд. Тайи ду рӯзи охир 110 нафар аз фаъолони мухолифин ва ислоҳталабонро бо иттиҳомоти марбут ба эътирозҳои пасоинтихоботӣ ба додгоҳ эҳзор карданд.
XS
SM
MD
LG