Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири исроилиро бо фасод муттаҳам мекунанд


Полиси Исроил машварат додааст, ки вазири корҳои хориҷии ин кишвар, миллатгарои ашаддӣ Авигдор Либерман муттаҳам эълон шавад. Як мансабдори полис гуфт, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар ин назаранд, ки Либерман дар ришваситонӣ, шустани пулҳои ҷиноӣ, монеагузорӣ ба адолат ва фасод саҳм дорад. Либерман раиси ҳизби Исроил Бейтену (Хонаи Мо Исроил) аст. Ин ҳизб дуюмин бузургтарин гурӯҳ дар эътилофи ҳоким ва сеюмин ҳизби бузургтарини парламенти Исроил аст. Либерман ҳар гуна хилофкориро рад намуда, исрор меварзад, ки тафтиши полис ҳадафҳои сиёсӣ дорад. Рӯзҳои наздик полис аснодашро ба додситони кулли Исроил Менаҳем Ҳазуз таслим хоҳад кард ва номбурда ҳукм мебарорад, ки иттиҳом таҳқиқ шавад ё не. Агар тафтиш оғоз ёбад, Либерман бояд аз вазифа сабукдӯш гардад.
XS
SM
MD
LG