Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар дар Фаллуҷаи Ироқ


Як бомбгузори маргталаб рӯзи якшанбе дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ дасти кам чаҳор нафарро кушта ва нӯҳ тани дигарро захмӣ кард. Ба гуфтаи мақомоти пулис, ин маргталаб камарбанди таркандаашро дар зимни як маросими дафн мунфаҷир кардааст. Як рӯз пештар дар ҳамин шаҳр мошини бомбгузоришудае дар назди қароргоҳи аҳзоби сиёсии Ироқ таркид ва панҷ нафарро куштаву 21 фарди дигарро маҷрӯҳ кард. Бинобар авҷ гирифтани ҳамлаву бомбгузориҳо дар вилояти умдатан суннинишини Анбор, рӯзи сешанбе мақомоти ироқӣ ҳаракати мошинҳо дар ин вилоятро мамнӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG