Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Афғонистон ба танг омадаанд


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи якшанбе гуфт, Толибон дар Афғонистон таҳти “фишори фавқуллода азим” қарор гирифтаанд. Ҳангоми сӯҳбат дар телевизиони “Эн Би Си” хонум Клинтон гуфт, бар изофаи афзоиши ҳузури сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, онҳо ҳамчунин шоҳиди "амалҳои воқеъии ҳукумат ва Артиши Покистон” ба зидди Толибон шудаанд. Афғонистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи август, моҳи равон шоҳиди авҷ гирифтани ҳамлаву даргириҳо шуд ва дар амалиётҳои ба раҳбарии НАТО дар ҷануби Афғонистон низ нерӯҳои хориҷӣ беш аз ҳар вақти дигар сарбозонашонро талаф доданд.
XS
SM
MD
LG