Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс ба Ховари Миёна сафар мекунад


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, имрӯз ба Ховари Миёна сафар мекунад. Қарор аст, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва шоҳи Урдун Абдуллоҳ музокирот анҷом диҳад. Тибқи хабарҳо, Роберт Гейтс ва Нетаняҳу дар мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон гуфтушунид мекунанд – Тел-Авив аз таҳдиди афзояндаи низомии Теҳрон нигарон аст. Дар дидору гуфтугӯҳои сарвари Пентагон дар Урдун рӯи мушкилоти марбут ба таъмини амният дар Ироқи ҳамсоя баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар дар соли 2011 тамаркуз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG