Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундравони тоҷик мунтазири муҳокима


Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи панҷ нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Ҷамъияти Таблиғ”- ро хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди тоҷиктабори Русия ба ташкили созмони ифротгаро ва узвият созмонҳои муташаккили ҷиноӣ муттаҳам мешаванд. Созмони “Ҷамъияти Таблиғ”- ро Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ва фаъолияташон мамнӯъ дар кишвар ворид кардааст. Додситонҳо мегӯянд, узви гурӯҳи мазкур аз Русия, дар Эрону Покистон таълим дида ва шаҳрвандони Тоҷикистонро барои шомил шудан ба гурӯҳи мамнӯъ ташвиқ мекардааст. Ин афродро рӯзи 2 апрел дар ноҳияи Файзобод дастгир кардаанд. Қонунҳои Тоҷикистон барои узвият дар гурӯҳҳои тундрав солҳои тӯлонии зиндон ҷазо муқаррар намудааст.
XS
SM
MD
LG