Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишнома бо Ҳинд ба ҳукми иҷро медарояд


Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон «Дар бораи сарфи назар кардан аз андозбандии дуҷониба» мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
Созишномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Ҳиндустон нисбати даромадҳое татбиқ мешавад, ки дар ҳар соли молиявӣ ё баъди рӯзи аввали моҳи январи соли 2010 ба даст омадааст. Бояд гуфт, ки соли молиявӣ дар Ҳиндустон аз 1 апрел то 30 марти ҳар сол давом мекунад. Соли молиявӣ дар Тоҷикистон бошад аз 1 январ то 31 декабр муқаррар карда шудааст.
Мақомоти вазорати молияи ба хабаргузории “Ховар” гуфтаанд, ки созишномаи мазкур якҷоя бо созишномаи ҳифзи сармоягузорӣ ҳамкории ҳар ду кишварро аз нуқтаи назари қонун ба расмият дароварда, муносибатҳои иқтисодиро густариш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG