Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Нуробод 5 ҷангии хориҷӣ кушта шудаанд


Хабаргузории Интерфакс аз қавли як манбаъи баландпояаш дар мақомоти интизомии Тоҷикистон навишт, ки бар асари задухӯрд дар наздикии як посгоҳи Горди миллӣ дар наздикии Нуробод, тақрибан 130-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, 5 ҷангии мусаллаҳ, ки гуфта мешавад, атбоъи Русияанд, кушта шудаанд. Интерфакс мегӯяд, ин посгоҳи Горди миллӣ шаби панҷшанбе ба ҷумъа ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Манбаъи Интерфакс гуфтааст, бар асари оташи ҷавобӣ 5 ҷангӣ ба ҳалокат расида, дар ин даргирӣ 2 сарбози Горди миллӣ низ ҷароҳат бардоштаанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷангиёни кушташуда бо худ шиносномаи Русия дошта, аз чеҳра ва исми онҳо бармеояд, ки аз минтақаи Қафқозанд.
XS
SM
MD
LG