Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати парлумони Исландия бо музокироти ИА


Парлумони Исландия бо 33 раъйи мувофиқ дар муқобили 28 раъйи мухолиф ба ҳукумат иҷозаи шурӯи музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро дод. Нахуствазир Йоҳанна Сигурдардоттир муддатҳо барои узвияти Исландия дар Иттиҳодияи Аврупо таблиғот бурда гуфтааст, ки ин танҳо роҳи ба эътидол овардани иқтисоди ин кишвар аст. 27 кишвари узви ин иттиҳодия талошҳои Исландияро барои дарёфти узвият дар ин ниҳод пазируфта ҳамакнун он бояд як ҳамапурсиро баргузор карда аз сокинони кишвар назарашонро оид ба узвият дар иттиҳодия суол кунад.
XS
SM
MD
LG