Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо куштори Эстемироваро маҳкум кард


Иттиҳодияи Аврупо куштори ҳомии ҳуқуқи башар Наталия Эстемироваро шадидан маҳкум кард ва аз мақомоти Русия хост, ки барои ошкор кардани ин ҷиноят аз ҳама имконҳои зарурӣ кор бигирад. Ин изҳорот имрӯз аз сӯи Карл Билдт, вазири умури хориҷаи Шветсия, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, садо дод. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ба Кумитаи тафтишотии кишвар амр кард, ки барои ҳарчӣ зудтар ошкор кардани омилони куштори Наталия Эстемирова талош кунанд. Шоми дирӯз гурӯҳи муфаттишон барои таҳқиқи ҳодиса вориди Ингушистон шуданд.
Наталия Эстемирова, корманди маркази "Мемориал" дирӯз дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон ба таври асроромез ғайб зад. Баъд аз чанд соат ҷасади ӯ бо ҷароҳатҳо аз тир дар канори шаҳри Назрани Ингушистон пайдо шуд. Наталия Эстемирова ба таҳқиқи ҳодисаҳои куштор, шиканҷа ва одамрабоӣ дар Қафқози шимолӣ машғул буд.
Имрӯз гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар маркази Маскав алайҳи куштори Наталия Эстемирова намоиши эътирозӣ доир мекунанд.
XS
SM
MD
LG