Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти "Ал-Ҷазира" дар Фаластин манъ карда шуд


Мақомоти Идораи худгардони Фаластин фаъолияти шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”-и Қатар дар қаламрави Фаластинро манъ карда, таҳдид намуданд, ки ин шабакаро ба додгоҳ мекашанд. Дар изҳороти вазорати иттилооти Фаластин гуфта шудааст, ки “Ал-Ҷазира” “ба хотири бадномсозии раҳбарони фаластинӣ иттилоъе бардурӯғ пахш мекунад”. Ин изҳорот баъд аз як барномаи “Ал-Ҷазира” пахш шуд, ки дар он сиёсатмадори фаластинӣ Форуқ Ал-Қадумӣ изҳор намуд, соли 2003 раҳбари феълии Фаластин Маҳмуд Аббос ба хотири аз байн бурдани Ёсир Арафот бо Исроил созиши махфӣ ҳосил карда буд. Ёсир Арафот соли 2004-ум аз маризие ба ҳалокат расид, ки чигунагии он то ҳанӯз мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG