Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент қонуни маҳдудияти интернетро имзо кард


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон қонунеро имзо кардааст, ки интернетро зери назорат мегриад. София Лапина-як фаъоли дифоъ аз озодиҳои матбуот мегӯяд, Назарбоев қонунеро имзо кардааст, ки акнун тибқи он додгоҳ метавонад сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои хориҷиро, бибандад. Тибқи ин қонун торнамоҳо ва сафҳаҳои гуфтугӯи интернетӣ низ василаи матбуотӣ дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳадаф пешгирӣ аз нооромиҳо ва дифоъ аз ҳуқуқи мардум аст. Аммо намояндаи САҲА дар Қазоқистон онро қадаме ба ақиб барои зери назорат даровардани озодиҳои матбуоти ин кишвар медонад.
XS
SM
MD
LG