Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди сохтмони лулаи гази Набукко имзо мешавад


Раҳбарони 4 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо Булғористону Руминия ва Маҷористону Австрия дар Анкара-пойтахти Туркия гирдиҳам омадаанд, то бо Туркия қарордодеро дар бораи оғози сохмтони лулаи гази Набукко имзо кунанд. Ин лула захоири гази Дарёи Хазар ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо интиқол медиҳад. Дарозии ин лула 3 300 километрро ташкил медиҳад ва дар назар аст, ки соли 2014 ба истифода дода шавад. Дар сурати баҳрабардорӣ аз ин лула пойбандии кишварҳои аврупоӣ ба гази Русия камтар мешавад.
XS
SM
MD
LG