Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои идомаи бӯҳрони иқтисодӣ


Мушовири масоили иқтисодии Кохи Сафед гуфт, ки ҳоло бадтарин рӯзҳо аз назари таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар пеш аст. Ларрӣ Саммерс, раиси шӯрои иқтисоди миллии Кохи Сафед дар сӯҳбат бо нашрияи бритониёии Financial Times гуфт, ки "бадтарин бахши бӯҳрон ҳанӯз пушти сар нашудааст". Саммерс мегӯяд, ки нафарони бештар ҳоло дар Амрико аз ҷойҳои кории худ маҳрум шуда нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз ҳам пасттар хоҳад рафт. Дар айни замон, вай бо хушбинӣ гуфт, ки "эҳсоси воҳимаву тарс" дар бозорҳо дигар пасттар шуда эҳсоси ин ки гӯё иқтисод аз назорат берун мондааст, дигар вуҷуд надорад. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҳафтаи гузашта эътироф кард, ки ҳанӯз марҳилаи барқароршавии иқтисод нарасидааст.
XS
SM
MD
LG