Пайвандҳои дастрасӣ

Марги Мирзо Зиёев


Мирзо Зиёев, Тавилдара, 14-уми майи соли 1998.

Мирзо Зиёев, Тавилдара, 14-уми майи соли 1998.

Аз минтақаи Тавилдара дар бораи сарнавишти Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифин, ҳамоно хабарҳои зиддунақиз мерасад.

Бино ба иттилоьи нозирони умури дохилӣ дар мавзеи Сариҷар, Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифин ва вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дирӯз ҳангоми мусолиҳа бо гурӯҳҳои боқимондаи нерӯҳои мухолифи ҳукумат дар Тавилдара аз ҷониби шахси номаълум кушта шудааст.

Тафсилоти бештари хабар то кунун дастрас нест. Манбаъҳои расмии давлатӣ низ дар бораи ҳодисаи кушта шудани Мирзо Зиёев хабари расмие то ин соат пахш накардаанд.

Аз ноҳияи Тавилдара ҳамчунин хабар расид, ки имрӯз маросими хоксупории Мирзо Зиёев баргузор хоҳад шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар водии Рашт низ ба хотири пайгириии ин маросим дар роҳ ба сӯи ноҳияи Тавилдара қарор дорад ва дар давоми рӯз ҳар тафсилоти нави бадастомада дар бораи ин ҳодисаро ҳатман нашр хохем кард.

Хабарнигори мо Маҳмуди Шодӣ аз мавзеи Сариҷар иттилоъ дод, ки маросими хоксупории Мирзо Зиёев дар соати 10-и субҳи имрӯз анҷом ёфт. Ҷасади генерал Зиёев дар қабристони деҳаи Хоҷаи Хлоз, ки зодгоҳи волидони Мирзо Зиёев мебошад, ба хок супурда шуд.

Қаблан расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки фармондеҳи пешини мухолифин Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара таслим шуда, аз шариконаш низ хостааст, силоҳи худро ба замин гузоранд ва ба давлат таслим шаванд.
Мирзо Зиёев соли 1960 дар рустои Хоҷаи Ҳиҷози ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ техникуми саноатии Душанберо бо ихтисоси техник-топограф хатм карда, то соли 1992 дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷ ҳамчун топограф кор мекард. Зиёев дар соли 1992 ба ҳайъати нирӯҳои мухолифин пайваст ва дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ, ки дар поёни соли 1992 ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ба Афғонистон фирор кард.

Ӯ соли 1994 ҳамроҳ бо як гурӯҳи бузурги нирӯҳои мухолифин марзро дубора гузашт ва дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара, ки ватани бобоии ӯст, мустақар шуд. Тавилдара дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як саҳнаи аслии даргириҳои сангин байни нирӯҳои давлат ва мухолифин буд пирӯзиҳову пешрафтҳои муҳими Мирзо Зиёев дар ҷабҳаи Тавилдара исми ӯро дар радифи фармондеҳони аввали мухолифoн овард.

Мирзо Зиёев дар тобистони соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозисиюн ба ҳайъати ҳукумат омад ва вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон таъйин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни ноябри соли 2006 кор кард ва ба дунболи интихоби дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд.

Ҳамагӣ 5 моҳ баъди ин Ожонси мубориза бо фасод эълон кард, ки ба таҳқиқи фаъолиятҳои вазорати ҳолоти изтирорӣ дар даврони раҳбарии Мирзо Зиёев пардохта, сирқати 129 000 сомониро дар ин идора кашф кардааст. Аммо бо гузашти беш аз 2 сол мақомот дигар нагуфтанд, ки таҳқиқи ин парванда оё ҳанӯз идома дорад ва агар ҳа, ба куҷо расидааст.

Мирзо Зиёев ба дунболи барканориаш аз ҳайъати ҳукумат гоҳе дар Душанбе, вале аксаран дар зодгоҳи бобоияш – Тавилдара дар як манзили сеошёна дар кӯчаи Вахёи маркази ноҳия ба сар мебурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG