Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Чин афзоиш ёфт


Чин гуфт, ки шумори қурбониҳои хушунатҳои қавмии вилояти ғарбии Шинҷон ба 184 нафар баробар шуд. Хабаргузории расмии Синҳуаи Чин гуфт, ки дар миёни қурбониҳо 137 нафар ҳон ё намояндаҳои миллати бумии Чин ё чиноиҳо буда танҳо 46 қурбонӣ уйғурҳо мебошанд. Гузоришҳои пеш дар бораи даргузашти 156 нафар хабар медод. Дар паи ошӯбҳои рӯзи 5 июни аққалияти уйғур Чин ҳазорҳо нирӯҳои иловагиву полисро дар шаҳри Урумчӣ ва манотиқи дигар мустақар кард, ки зидди поймолшавии ҳуқуқашон даст ба эътирозҳо заданд.
XS
SM
MD
LG