Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаки амрикоӣ се ҷангии Маҳсудро кушт


Мақомоти иктишофии Покистон гуфтанд, мушаке, ки бовар меравад аз ҷониби ҳавопаймои бидуни халабони амрикоие болои минтақаи шимолуғарб дар марз бо Афғонистон партоб шудааст, дасти кам се ҷангиро кушта бар ҷой гузошт. Ин ҳодиса шоми ҷумъа рӯй дод. Минтақаи мазкур таҳти контроли як раҳбари Толибон Байтулло Маҳсуд аст, ки дар Вазиристони Ҷанубӣ қарор дорад. Ва ин панҷумин ҳамлаест, ки дар давоми ду ҳафтаи ахир аз ҷониби ҳавопаймоҳои бехалабони низомии амрикоӣ болои ҷангиёни Маҳсуд анҷом мегирад. Дар ҳамин ҳол, артиши Покистон нирӯҳояшро дар Вазиристони Ҷанубӣ мустақар карда ҳамлаҳои муттасили ҳавоиро ба хотири қатл ва боздошти Маҳсуд пиёда кардааст. Байтулло Маҳсуд дар анҷоми чандин ҳамлаи хунини маргталабона дар Покистон айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG