Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як ҳафта 50 кушта дар Ироқ


Бино ба гузоришҳо, дар давоми ҳафтае, ки аз хуруҷи нируҳои Амрико аз шаҳрҳои Ироқ мегузарад, дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои мухталифи ин кишвар беш аз 50 нафар кушта шудаанд. Дирӯз бадтарин рӯз будааст ва дар Тал Афар як ҳамлаи мудҳиш анҷом гирифтааст. Абдуллоҳ Баҷлурӣ-як пизишки ироқӣ мегӯяд:

"Дастаи аввали қурбониён аз Тал Афар омад. 56 нафар захмиҳоро ба шифохона оварданд. Муттаасифона, баробари расидан ба шифохона 3 нафари онҳо ҷон дод. Ҳоло аксари захмиҳо кӯмак дарёфт мекунанд".

Дар ҳодисаи Тал Афар ду бамгузори интиҳорӣ худро мунфаҷир сохтанд ва 35 нафар кушта шудаанд. Дар Бағдод ва шаҳрҳои дигар низ дар ҳамлаҳо чанд нафари дигар кушта шудаанд
XS
SM
MD
LG