Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:Амрико ва Русия барои рақобат халқ нашудаанд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар дуввумин рӯзи боздиди худ аз Маскав дар яке аз суханрониҳои аслии худ изҳор дошт, ки Амрикову Русия барои "рақобат бо якдигар офарида нашудаанд". Вай ин нуктаро зимни суханони худ дар Мактаби нави иқтисодиёти Маскав изҳор дошт. Обама гуфт, Амрико як "Русияи қавӣ, сулҳхоҳ ва шукуфо" мехоҳад. Вай ҳамчунин дархост кард, ки авлавияти қонун ва арзишҳои демократия дар ин кишвар риоят шавад. Дар ин мулоқот Гарри Каспаров-мунаққиди Кохи Кремл ва Борис Немцов-нахуствазири собиқи Русия низ ширкат доштанд. Қабл аз ин мулоқот бори нахуст Обама ва Владимир Путин-нахуствазири русия бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд.
XS
SM
MD
LG