Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зелайя роҳҳои бозгашт ба мақомро ҷустуҷӯ мекунад


Раисиҷумҳури барканоршудаи Ҳондурас Мануэл Залайя вориди Салвадор шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ӯ дар ин ҷо бо ҳайати сиёсатмадорони воломақоми минтақа, аз ҷумла, раисони ҷумҳуриҳои Аргентина, Эквадор ва Парагвай мулоқот ва иқдоми баъдии худро баррасӣ мекунад. Қаблан ҳукумати муваққати Ҳондурас ба Зелайя иҷозаи бозгашт ба ватанро надод – мақомот майдони парвози фурудгоҳро бастанд. Дар ҳамин ҳол дар пойтахти Ҳондурас - шаҳри Тегусигалпе миёни низомиён ва ҷонибдорони Зелайя бархурд ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса як ё ду кас кушта шуда, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Мануэл Зелайя охирҳои моҳи июн бар асари кудато аз мақом барканор ва аз кишвар хориҷ карда шуд. Кишварҳои ғарбӣ ва бештари мамолики Амрикои Лотин хостори дар мақом барқарор шудани ӯянд. Маҷмааи кулли СММ низ дар як қатънома аз раисиҷумҳури қонунии Ҳондурас пуштибонӣ карда буд. Ва аммо ҳукумати муваққати Ҳондурас эълом дошт, ки дар сурати бозгашти Зелайя ба кишвар ӯ боздошт ва зиндонӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG