Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди порламони Олмон аз низоми додгоҳии Русия


Порламони Олмон ё Бундестаг даъват кардааст, ки дар Русия ислоҳоти Қонуни Асосӣ анҷом бигирад. Маҷлиси поёнии порламони Олмон, ки бо номи Бундестаг маъруф аст, рӯзи панҷшанбе дар ин бора қатъномае ба тасвиб расонд. Дар қатънома омадааст, як силсила муҳокимаҳои додгоҳӣ ин таассуротро медиҳад, ки эъмоли нуфузи сиёсӣ бо додгоҳҳо ва додситонҳо тамрин шудааст. Намояндагони порламони Олмон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки муҳокимаи додгоҳи Михаил Ходорковский-ғули собиқи нафти Русия, ки ҳоло дар зиндон аст ва барои тахаллуфоти молӣ ва фиреб муттаҳам дониста мешавад, ҳадафҳои сиёсиро дар пай доштааст. Бундестаг мегӯяд, ин парванда намунаи санҷиши босалоҳиятии адолат дар давраи раёсати ҷумҳурии Дмитрий Медведев дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG