Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар ҷанги Ғазза ҷиноятҳои ҷангӣ мушоҳида шудааст"


Созмони Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал мегӯяд, ки нирӯҳои исроилӣ садҳо сокинони мулкии Фаластинро кушта ҳазорҳо манзилро дар Навори Ғазза хароб карданд ва ин ҳамлаҳоро ин созмон баробар бо ҷиноёти ҷангӣ арзёбӣ кардааст. Дар гузориши нахустини ин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, ки ба таҳқиқи ҷанги ахири Ғазза ихтисос ёфтааст, ин созмони бонуфуз аз Исроил даъват мекунад ваъдаи ошкоро бидиҳад, ки дигар дар манотиқи аҳолинишин аз тӯпхона, фосфори сафед ва силоҳи оташи нодақиқ истифода намекунад. Афви байнулмилал аз ҷангиёни Ҳамос тақозо кардааст, ки истифодаи мушакҳоро зидди мардуми мулкии исроилӣ дар Ғазза хотима диҳад, ки ин ҳамлаҳо низ ҳамчун ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мешавад. Донателла Ровера, як муҳаққиқи ин созмон зимни сӯҳбат дар Лондон дар заминаи ин гузориш ҳарду ҷониби вориди даргириро танқид кард ва гуфт:

"Маълумоти бадастомада ташвишовар аст. Ҳарду ҷониб ҳам қонунҳои байналмилал ва эъломияҳои Женеваро дағалона поймол кардаанд ва дар бархе ҳолатҳо ба ҷиноёти ҷангӣ роҳ доданд".

Дар ҷангҳои сеҳафтаинаи моҳҳои декабру январ, бар тибқи иттилои мақомоти беҳдоштии Ғаззаву гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, беш аз 1400 фаластинӣ, аз ҷумла беш аз 900 фарди мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар миёни кушташудаҳо ҳудудан 300 кӯдак низ буданд. Дар он ҷанг аз ҷониби Исроил 13 нафар, аз ҷумла се мулкӣ бар асари таркиши мушаке ба ҳалокат расиданд. СММ ҳам ҷанги гузаштаро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG