Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Newsweek хостори раҳоии хабарнигораш дар Эрон шуд


Маҷаллаи амрикоии Newsweek аз мақомоти Эрон даъват кард, ки хабарнигори ҳангоми намоишҳои эътирозӣ боздоштшудаи нашрияро раҳо кунанд. Дар изҳороти маҷалла омадааст, ки Мазиёр Баҳорӣ, хабарнигори эронтабори муқими Канада, як ҳафта боз аз имкони мулоқот бо вакили мудофеъ маҳрум аст. Мақомоти Эрон, ки барои фаъолияти расонаҳои хориҷӣ маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд, Баҳориро дар инъикоси ғайривоқеъии ҳаводиси кишвар айбдор мекунанд.
Ҳангоми тазоҳурот алайҳи натоиҷи, ба гуфтаи мухолифини ҳукумат, тақаллубии интихоботи раёсатҷумҳурӣ садҳо нафар, аз ҷумла, фаъолони мухолифин ва хабарнигорон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG