Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирӯзободӣ Иттиҳодияи Аврупоро айбдор кард


Иттиҳодияи Аврупо аз ин ба баьд барои ширкат дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон “ҳақ надорад”. Ин изҳороти раҳбари ситоди кулли артиши Эрон Ҳасан Фирӯзободй дирӯз садо дод. Ӯ кишварҳои аврупоиро дар таҳрик барои бенизомиҳо дар Эрон баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурй айбдор кард. Ба иттилоьи расонаҳои хабарӣ, кишварҳои аврупой имкони бозхонди сафирони худ аз Теҳронро баррасй мекунанд.
Номзади ноком дар интихоботи президентии Эрон Мирҳусейни Мусавӣ ахиран раёсати Маҳмуди Аҳмадинажодро ғайриқонунӣ хонд, зеро ба ақидаи ӯ, натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ тақаллубиянд.
XS
SM
MD
LG