Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Хорватия ба истеъфо меравад


Нахуствазири Хорватия Иво Санадер гуфт, ки вай аз мақомаш истеъфо дода аз ҳаёти фаъоли сиёсӣ канор меравад. Вай инчунин илова кард, ки ният надорад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ номзадии худро пешбарӣ кунад. Вай имрӯз дар Загреб гуфт:

"Ман тасмим гирифтам, ки номзадиамро ба мақоми президентии Хорватия пешбарӣ накунам. Ман аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор меравам. Ин тасмим осон набуд, аммо ман баъди фикри зиёд ба чунин қарор омадам".

Вай изҳороти худро дар як нишасти матбуотии Загреб дар пешорӯи интихоботи президентии оғози соли 2010 баён кард. Санадер аз соли 2003, замоне, ки Иттиҳоди демократии муҳофизакори Хорватия сари қудрат омад, раҳбарии ҳукуматро ба ӯҳда гирифт. Соли ҷорӣ таҳти раҳбарии Санадер ин кишвар ба узвияти НАТО пазируфта шуд, вале бо далели вуҷуди ихтилоф бо ҳамсоякишвараш Словения ҳанӯз музокирот барои ворид шудан ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG